Кумаки дӯстона: Русия ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 14 миллион доллар кумак расондааст

Русия дар қиес ба дигар кишварҳои ҷаҳон ба Тоҷикистон бештар кумаки башардӯстона расонидааст. Ҳаҷми кумакҳои Русия дар маҷмӯъ 30 дарсади тамоми кумакҳои башардустонаро ташкил додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Русия аз аввали сол ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 14 миллион доллар кумаки башардӯстона расонидааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Тоҷикистон ба маблағи беш аз 37 милион доллар кумаки башардӯстона дарёфт намуд

Ҳамагӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 43 миллион доллар кумакҳои башардӯстона расонида шудааст.

Ба Тоҷикистон 51 кишвари ҷаҳон кумакҳои башардӯстона расонидааст. Ҳаҷми умумии кумакҳои башардӯстонаи расонидашуда ба Тоҷикистон беш аз 141 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

Русия дар қиес ба дигар кишварҳои ҷаҳон ба Тоҷикистон бештар кумаки башардустона расонидааст. Ҳаҷми кумакҳои Русия дар умум 30 дарсади тамоми кумакҳои башардӯстонаро ташкил додааст.

Дар маҷмӯъ ба Тоҷикистон, дар шакли кумаки башардӯстона орд, равғани растанӣ, доруворӣ ва ғайра ворид гардидааст.

Инчунин, ба Тоҷикистон Чин дар ҳаҷми 25 дарсад, Фаронса наздик ба 9 дарсад ва Ҳиндустон дар ҳаҷми 5 дарсад кумак расонидааст.