Пасарбачаи 10-сола мошинро рабуд, аммо дур нарафта ба садама дучор шуд

Писарбачаи 10-сола сокини деҳаи Шаҳрисабзи ҷамоати деҳоти Регари Тоҷикистон мошини “ДЭУ-Тико”-ро, ки беназорат меистод рабуда ба садама дучор шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон писарбачаи 10-солае дастгир шуд, ки ғайриқонунӣ мошини “ДЭУ-Тико”-ро, ки беназорат меистод, рабуда ва дар ҳудуди деҳаи Шаҳрисабзи ноҳияи Регар аз уҳдаи мошин набаромада дучори садама шудааст.   

Рӯдакӣ: мошиндузд боздошт шуд

Тавре Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон қайд намудааст, дар шаҳри Турсунзода марди 52-солаи сокини деҳаи Иттиҳоди шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 23-юми октябри соли равон, тахминан соати 16:20-дақиқа, шахси номаълум аз назди роҳи оҳани деҳаи Пахтаобод автомашинаи шахсиаш тамғаи “ДЭУ-Тико”-ро, ки беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда буд.

“Ронандаи номаълум дар ҳудуди деҳаи Шаҳрисабз аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори канори роҳ бархӯрдааст”, - таъкид доштааст манбаъ. 

Аммо зимни тафтишот маълум шудааст, ки ронандае, ки мошинро рабудааст ҳамагӣ 10 сол дорад.

“Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбаччаи 10-солаи сокини деҳаи Шаҳрисабзи ҷамоати деҳоти Регар, ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ ронда бурдани воситаи нақлиёт дастгир гардид”-  зикр намудааст ВКД.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ҳодисаи мазкур  тафтишотро идома доранд.