Аз таҷовуз ва оташ задани духтари 19-сола то ҳукми қатли 16 кас дар Бангладеш

Мудири мактаб кӯшиши таҷовуз кардани донишҷӯйро дошту духтар аз ин амали бади мудир ба пулис шикоят кард. Пасон ба сару рӯи духтар бензин рехтанду ӯро оташ заданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дар Бангладеш 16 кас ба ҷурми сӯзонидани духтари 19-сола ҳукми қатл гирифт, хабар медиҳад BBC.

Парвандаи духтари 19-сола дар додгоҳ ба зудӣ баррасӣ шудааст, одатан баррасии чунин парвандаҳо солҳо дароз мекашад. Дар қатли духтари 19-сола Нусрат Ҷаҳон Рафӣ, омӯзгорони мадраса, чанде аз ҳамсинфон, ду раҳбари шӯъбаи ҳизби"Лигаи Авамӣ" ва мудири мактаб гумонбар дониста шудаанд. Бино ба гуфти мақомоти қудратӣ, маҳз мудири мактаб, пас аз боздоштшудан дар асоси шикояти духтар, барои сӯзониданаш амр додааст.

Конор Макгрегор дар таҷовузи духтари 20-сола муттаҳам мешавад - расонаҳо

Моҳи марти соли равон Нусрат чандин бор аз ҳаракатҳои беҷои мудири мактаб нисбаташ ба пулис шикоят бурдааст.

Даҳшат: духтарчаро барои таҷовуз кардан то мурдан куфтанд

Рӯзи 6 апрел, замоне, ки духтар барои супоридани имтиҳон ба мадраса меояд, ӯро бо роҳи фиреб ба болои боми мактаб мебаранд. Дар болои бом чанд нафар чодарпӯш аз Нусрат талаб кардаанд, ки аризаи худро аз мақомоти пулис бигирад.

Вақте духтар ин талаби онҳоро рад мекунад, ба сару рӯяш бензин рехта ӯро оташ мезананд. Духтар аз ҷои ҳодиса гурехта ба хонааш мерасад, вале 80 дарсади пӯсти ӯ сӯхтааст ва Нусрат пас аз чор рӯз ҷон бохтааст.

Пеш аз даргузашт духтар аз бародараш хоҳиш кардааст, ки ӯро ба навор бигирад ва дар ин навор гуфтааст, ки мудир бо ӯ ҳаракатҳои беҷо кардааст ва номи он нафаронеро, ки ӯро оташ заданд, ифшо кард.

Вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ ба издивоҷи духтари 11 - сола ва ҷавони 22 - сола дар Эрон

Пас аз ин ҳодисаи мудҳиш, дар саросари кишвар ба дастгирии духтар ва маҳкум кардани таҷовуз нисбати занон, тазоҳуроти оммавӣ баргузор шуд.