Ҳалокати чор узви як хонавода дар Хоразм

Волидон ҳамроҳи ду фарзанди худ бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ғализи ангишт ҷони худро аз даст доданд
Sputnik

БИШКЕК, 24 окт — Sputnik.  Хонаводаи иборат аз ҷаҳор нафар аснои заҳролуд шудан аз ғубори ангишт ҷони худро аз даст доданд, хабар медиҳад котиботи Додситонии олии Узбакистон.

Шарҳи мақомоти тоҷик дар бораи заҳролудшавии маргбори муҳоҷирон

Бар хабари манбаъ, ҳодисаи мазкур дар деҳаи Остонаи вилояти Хоразм рух додаст. Ҳар чаҳор нафари заҳролудшуда дар хонае хоб карданд, ки дар оташдони худсохт ангишт сӯхта буд ва то саҳар онҳо дуди ғализи ангиштро нафас кашида, ҷон доданд.

Дар Қазоқистон беш аз даҳҳо нафар заҳролуд шуданд

Хабари фавти як хонавода бар асари заҳролудҳшавӣ,  баҳси гармеро дар шабакаҳои иҷтимоии Узбакистон ба бор овард.

Корбарон аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки бо вуҷуди сард шуадни ҳаво, шаҳрвандон ҳамоно ба мавсими гармидиҳӣ дастрасӣ надоранд.

"Барои худро аз сарди эъмин нигоҳ доштан мардум аз ҳар роҳу усул кор мегиранд,  ки охибати нохушояндро ба бор меорад", - бо нигаронӣ  изҳор намудаанд чанде аз корбарон.  

Гуфта мешавад, феълан додситонии ноҳияи Янгиариқ, тафтиши ҳодисаи фавти як хонаводаро идома дорад.