ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Ба иттилои Кумитаи милии олимпии Тоҷикистон, мунтахаби футзали кишвар пас аз шикаст додани тими Непал бо ҳисоби калон, дар бозии баъдӣ, рақибони навбатии худро низ мағлуб намуданд.
Манбаъ меафзояд, мунтахаби футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи "А" бо тими Афғонистон бозӣ намуда, онҳоро бо ҳисоби 5:2 мағлуб карданд.
Мунтахаби футзали Тоҷикистон чор бозии дӯстона баргузор мекунад
Ҳамакнун шогирдони Деян Дедович пас аз ғолиб омадан бар тими Афғонистон, пешакӣ ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Голҳоро аз дастаи футзали Тоҷикистон, Парвиз Раҳматов, Рустам Ҳамидов, Дилшод Саломов, Шавқат Ҳалимов дугол ба самар расониданд.
Мунтахаби футзали Тоҷикистон аз Туркия 1:6 шикаст хӯрд
Маврид ба зикр аст, ки мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии сеюми худро фардо соати 14:30 бо дастаи Узбакистон доир мекунанд.