Барои пешвоз гирифтани қаҳрамони тоҷик дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе садҳо ҳаводор, мақомдорони бахши варзиш ва наздикони Сомон Маҳмадбеков ҷамъ омада буданд.
Сомонпаҳлавонро мухлисону мақомдорон бо шиору овеза ва гулдастаҳо пешвоз гирифтанд.
Тибқи анъана ба Қаҳрамони ҷаҳон ҷомаи гулдӯзӣ ва тоқӣ пӯшонда, ба гардани ӯ гулчанбар овехтанд.
Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон дар вазни 73 кило бар варзишгарони Кеп Верд - Семедо Клаудиано, Қирғизистон - Асад Масабиров, Белгия - Абдул Малик Умаев, дар чорякфинал бар намояндаи Итолиё - Эдуардо Мелла, дар нимфинал бар Самуэл Гасснер аз Австрия ва дар финал бар Георгий Элбакиев аз Руссия дастболо шуда, унвони чемпиони ҷаҳонро миёни ҷавонон сазовор гардид.
Паҳлавони тоҷик баъд аз ин пирӯзӣ, дар радабандии олимпии вазни -73 килои Федератсияи ҷаҳонии ҷудо аз ҷои 21-ум ба мақоми 14-ум ва дар радабандии ҷаҳонӣ аз ҷои 31-ум ба ҷои 19-ум баромад. Миёни ҷавонон бошад, 57 зина боло баромада, ҷои аввалро ишғол мекунад.
Сомон Маҳмадбекови 20-сола аз соли 2015 дар мусобиқаҳои байналмилалии ҷудо иштирок мекунад ва то ин вақт медалҳои тиллои Ҷоми Африқо миёни ҷавонон (Тунис, 2017), Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон (Арад, 2017), Ҷоми Осиё миёни калонсолон (Ҳанг Конг, 2018), медали нуқраи Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон (Коимбра, 2018), медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон (2017)-ро мушарраф гардида, дар Чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон соли 2019 дар Токио маҳорати хуб нишон дода, ҷои 5-умро ишғол кард.