Созиши сарнавиштсози Путину Эрдуғон дар масоили Сурия

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия шоми 22 октябри соли равон бо Раҷаб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар шаҳри Сочӣ дидору гуфтугӯ карданд. Мулоқоти ду роҳбар кишвар шаш соат идома ёфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Мавзуи меҳварии мулоқоти Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо ҳамтои туркиаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон амалиёти Туркия дар шимоли Сурия буд.

"Аҳмақ нашав!": хитоби Трамп ба Эрдуғон дар мавриди қатъи ҳамалот дар Сурия

Бино бар иттилои хабаргузории РИА Новости роҳбарони ду кишвар 22 октябр дар шаҳри Сочӣ ба созиш расиданд, ки марзи муштараки Сурия ва Туркияро Анқара ва Москав бо ҳам назорат мекунанд.

Ин созишро Владимир Путин, як “созиши муҳим ва сарнавиштсоз” эълон кард.  

Бар асоси созиш, ки матни онро вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров қироат кард, низомиёни турк минтақаи 30-километриеро назорат хоҳанд кард, ки дар натиҷаи амалиёти ахири худ ишғол намудаанд.

Ҳамчунин тибқи созиши мазкур ба минтақаи 30-километрии боқӣ нируҳои рус ворид мешаванду, гуруҳҳои мусаллаҳи курд бояд он минтақаро тарк кунанд. Сипас назорати муштараки марз аз сӯи низомиёни рус ва турк сурат мегирад.

Владимир Путин, зикр намудааст, ки тарафҳо зимни мулоқот тавонистанд, равиши муштараки ба эътидол овардани вазъ дар шимоли Сурияро интихоб кунанд. Путин ин созишро “хеле муҳим ва сарнавиштсоз” донист.

Суҳбати телефонии Путин ва Эрдуғон оид ба масоили Сурия

Зубайдулло Зубайдов: Тоҷикистон аз ҳокимият ва истиқлоли Сурия ҳимоят мекунад

Ёдрас мешавем, ки ахиран Туркия дар хоки Сурия аз оғози амалиёт зидди ҷангҷӯёни курд ва террористон эълон карда буд. Амалиёти Туркия пас аз он шурӯъ шуд, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аз хуруҷи нерӯҳои кишвараш аз шимол-шарқи Сурия эълон кард.

Пас аз эъломи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ амалиёти низомии Туркия оғоз шуд ва Туркия онро “ҷанг бо терроризм” унвон кард. Туркия хостори таъсиси як “минтақаи амн”-и то 30-километрии дохили қаламрави Сурия аст. Аммо амалиёти Туркия боиси интиқоди аксарияти кишварҳои ҷаҳон шудааст.