Иқдоми бонкҳо барои рушди сайёҳию ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон

Бонкҳои Тоҷикистон ба соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар зарфи нуҳ моҳи соли равон беш аз 35 миллион сомонӣ қарз додаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, аз ин омор 8,1 миллион сомонӣ ба соҳаи сайёҳӣ ва 27,2 миллион сомонӣ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ рост меояд, хабар дод “Ховар”.

Пул ҳаст: Бонки миллӣ гуфт, дар набудани пули нақд худи ташкилотҳои қарзӣ айбдоранд

Манбаъ зикр кард, ки солҳои 2019-2021 дар Тоҷикистон Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудаанд, ки ҳадафаш рушди деҳот, сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат мебошад.

Бо назардошти  рушди сайёҳӣ дар мамлакат мақомоти салоҳиятдор - Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, алҳол дар бозори хизматрасониҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 170 ширкати сайёҳӣ фаъол мебошанд.

Инчунин зикр шудааст, ки “Стратегияи  рушди сайёҳӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраи  то соли 2030”  ва қонун “Дар бораи ҳунармандӣ”  аз ҷониби Парлумони мамлакат қабул гардиданд, ки  заминаи устувор ва кафолатдиҳандаи  рушди ҳунармандӣ  мебошанду имкон медиҳад, ки  тадбирҳо ва  барномаҳои нави соҳавӣ барои рушди ҳунармандӣ дар ҷумҳурӣ  роҳандозӣ гарданд.

Худкушӣ дар Ишкошим: чаро собиқадори Амонатбонк худро парронд?

Манбаъ афзуд, ки Бонки давлатии  амонатгузории “Амонатбонк” бо мақсади дастрасии ҳамаҷонибаи мизоҷону сайёҳон ба хизматрасониҳои бонкӣ 150 адад ё 27 фоизи марказҳои хизматрасонии бонкиро ба шафати роҳҳои байналмилалӣ, дохили маркази савдову бозорҳо ва чорроҳаҳо кӯчондаст. Ҳамзамон фаъолияти 11 адад хазинаҳои шабонарӯзӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Исфара, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ, ки 24 соат ба аҳолӣ ва сайёҳон хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ пешниҳод менамоянд, тақвият дода шудаст.