"Ҷонсӯз": намоҳанги нави Парвиз Назаров ба суруди куҳнааш - "Крестная мать" - видео

Овозхони маъруфи тоҷики муқими Қазоқистон Парвиз Назаров ба суруди машҳури куҳнаи худ "Крестная мать" намоҳанги нав ба навор гирифт.
Sputnik

"Крестная мать" - аз сурудҳое мебошад, ки солҳои 98-уми асри гузашта Парвиз Назаровро машҳур карда буд. Ин бор ҳамроҳи Парвиз Назаров сарояндаи қазоқистонӣ AniKo рэп мехонад. Намоҳанг аз зиндагии талхи писарбачае нақл мекунад, ки дар паи садамаи нақлиётӣ аз падару модар ва сипас бо амри тақдир аз модари таъмилии худ маҳрум мешавад.

Омехтаи забонҳои помирӣ ва тоҷикӣ: суруди шӯхи Назаровҳо ва Ғафурӣ (НАВОР)

Парвиз Назаров таронаи навашро нашр кард - навор

Намоҳанг бо касбияти баланд наворбардорӣ ва омода шудааст. Сенарияи клипро Ниссо Назарова навишта, коргардонаш худи Парвиз Назаров мебошад. Монтажи намоҳангро бародари Парвиз - Меҳрубон Назаров анҷом додааст.

Ҳангоми тамошои клип, қиссаи писарбачаи бесаробон, дили касро реш мекунад.

Ёдрас мешавем, ки намоҳанги аввали суруди "Крестная мать" соли 1998 нашр шуда буд.

Парвиз Назаров соли 1971 дар Маскав ба дунё омада, касбаш рассомист ва ҳатто ду сол ба ҳайси мултипликатор дар студияи "Тоҷикфилм" кор кардааст. Вале Парвиз баъди ин рассомиро ба хотири мусиқӣ партофт ва соли 1987 гуруҳи "Адвокат" ва соли 1989 гуруҳи "Парвин"-ро таъсис дод.

Сӣ сол дар саҳна: Парвиз Назаров барои консертҳои идона ба Тоҷикистон омад

Парвиз Назаров соли 1993 ба Алма-Ато кӯчид ва инак қариб 27 сол сол боз дар Қазоқистон кору зиндагӣ мекунад. Парвиз Назаров муаллифи беш аз 10 албом ва таронаҳои хите, чун "Еду на юг", "Чарх бизан", "Лети", "Ангел", "Райҳон" (ҳамроҳ бо хоҳараш Ситора Назарова), "Беги" ва даҳҳо таронаи дигари пуршунаванда мебошад.

Аз ангуштшумор овозхонҳои тоҷик аст, ки таронаҳояш дар шабакаҳои телевизионии Русия низ намоиш дода мешаванд.