ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Бар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи равон имзо кард, қарори қаблӣ барои гирифтани молиёти экологӣ аз мошинҳои Қирғизистон ҳангоми вуруд ба Тоҷикистон бекор гардид.
Пардохтҳои экологӣ барои мошинҳои Қирғизистон моҳи ноябри соли 2017 роҳандозӣ шуда буданд ва далели он ҳифзи ҳавои ҷумҳурӣ арзёбӣ шуда буд.
Аз ҷумла ҳаҷми пардохтҳои экологӣ барои мотосиклҳо 62 сомонӣ, воситаҳои нақлиёти сабукрав – 124 сомонӣ, мусофирбарҳои хурд – 250 сомонӣ ва мошинҳои боркашу автобусҳо – 300 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Ҷамъоварии маблағи мазкур ба Хадамоти гумруки Тоҷикистон вогузор шуда, таъкид шуда буд, ки даромад аз он ба буҷаи ҷумҳуриявӣ ворид карда шавад.
Талаби Раҳмон аз Жээнбеков барои зудтар имзо кардани созишномаи марзӣ
Бекор шудани ин қарор дар ҳолест, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин танҳо 520 километр аломатгузорӣ шуда, боқимонда намуайян мебошад. Ин номуайянӣ боис шудааст, ки дар марз муноқишаҳо миёни сокинони наздисарҳадӣ рух медиҳанд, ки баъзан бо ҳалокати одамон меанҷомад.