Таъсиси Лигаи баскетболи Тоҷикистон

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз таъсиси Лигаи баскетболи кишвар хабар дода, афзуд, бори аввал мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар доираи лига баргузор мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, баъд аз танаффуси панҷсола бозиҳои бошгоҳҳои баскетболи Тоҷикистон аз сар гирифта шуд.

Рақси тоҷикдухтари маъюб дар озмуни зебоӣ дар Русия - видео

Манбаъ афзуд, ки мусобиқа ин бор дар доираи Лигаи баскетболи Тоҷикистон сурат мегирад.

“То 5 соли пеш баскетболбозони кишвар дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Федератсияи баскетболи Тоҷикистон ширкат мекарданд. Имсол бори аввал Лигаи баскетболи Тоҷикистон таъсис ёфт”, - омадааст дар иттилоия.

Кумита аз қавли Вилла Очилдиев, масъули Федератсияи баскетболи Тоҷикистон, хабар додааст, ки имсол дар мусобиқа 8 клуб – “33”, “Зуҳро”, “Душанбе”, “Фойтун”, “Беркут”, “Легендҳо”, “Dizel Power”, “DIS” иштирок мекунанд.

Пирӯзии духтарони баскетболбози Бадахшон дар Қаҳрамонии ҷумҳуриявӣ - акс

Бозиҳо аз рӯи системаи даврӣ дар ду марҳила сурат мегирад, сипас 4 дастаи беҳтарин аз рӯи системаи олимпӣ мусобиқаро идома медиҳанд. Бозиҳо ҳар рӯзи якшанбе баргузор мегарданд.

Кумита таъкид кардааст, ки аллакай 13 ва 20 октябр ду даври Лигаи баскетболи Тоҷикистон баргузор шуда, даври сеюм 27 октябр баргузор мегардад.