Гуфтаҳои Раҳмон таъсир кард: роҳандозии омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар кӯдакистон

Дар муассисаи таълимии томактабии №24-и шаҳри Хуҷанд бо тарбиятгирандагон машғулиятҳои кушод аз омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ баргузор гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд, дарси омӯзиши забони русӣ аз ҷониби омӯзгор Зуҳро Бобоева дар мавзуъи “Нон ба ҳар сари инсон” ташкил ва гузаронида шуд.

Қарори нави Раҳмон: 10 сол барои англисию русидон шудани тоҷикистониён

Аз ҷониби тарбиятгирандагони гуруҳи калони кӯдакистони мазкур зимни баргузории дарси кушоди омӯзиши забони англисӣ таҳти роҳбарии омӯзгор Мастура Саидова дар мавзуъи “Ҳайвонҳои ваҳшӣ” гузоронида шуд.

Манбаъ ёдрас шудааст, ки машғулиятҳои мазкур дар ҷодаи татбиқи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забнҳои русию англисӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 роҳандозӣ шудааст.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар тантанаҳои ҷашнӣ бахшида Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон” аз ҷавонони кишвар хост забони модариро ҳифз намоянд ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

Дар ҳамин ҳол, ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон қарори нави Ҳукуматро имзо кард, ки ба англисию русидон кардани мардуми кишвар тайи даҳ соли оянда нигаронида шудааст.