Сабқати дастаҳои лигаи дуюми Хатлон: тими “Моҳир” пешсаф аст

Тими “Моҳир”-и ноҳияи Ёвон дар даври шонздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон тими “Кӯшон”-и ноҳияи Кӯшониёнро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, вохӯрии дастаҳо дар ноҳияи Ёвон барпо гардид.

Омодагӣ ба Қаҳрамонии ҷаҳон -2019: тамрини наврасони тоҷик дар бошгоҳи "Палмейрас"

“Соҳибони майдон баъди ин ғалаба бо касби 43 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа мавқеи худро боз ҳам мустаҳкамтар намуданд. Дастаи “Кӯшон” бо 38 имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвали мусобиқоти Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон баъд аз тими “Моҳир” қарор дошт”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, баъди мағлубият шонси чемпионии дастаи “Кӯшон” камтар шуд, чун аз рақиби асосиаш тими “Моҳир” 5 имтиёз камтар дорад. Голҳоро аз дастаи пирӯз Бахтовар Ҳалимов (5, 50) ва Акмал Зулпалаев (33) ба дарвозаи ҳариф ворид намуданд. Ягона тӯби меҳмононро Азамат Ҳамроқулов дар дақиқаи 19-ум ба самар расонид.

Милисаҳои Исфара баъд аз бохти бозии футбол ба дастаи рақиб оши палав пухтанд

Ҳамчунин, дар ин давр дастаи “Сарҳадчӣ”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар майдони худ аз тими “Арал”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҳисоби 3:0 мағлуб гардид.

Ҳамлагари дастаи “Моҳир” Бахтовар Ҳалимов бо 19 голи ба дарвозаи ҳарифон задааш айни ҳол беҳтарин нишонзани мусобиқа мебошад.

Дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон хабар дод, ки бозиҳои даври 17-уми мусобиқа рӯзи 21 октябр сурат мегиранд.