Баҳои баланди Расулзода ба корҳои сохтмонии беморхонае, ки Узбакистон дар Хатлон месозад

Мувофиқаи сохтмони ин беморхона ва як мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ба имзо  расида буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода дар доираи як сафари кории хеш ба вилояти Хатлон аз рафти корҳои сохтмонии Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён ва Маркази саломатии ноҳияи Дӯстӣ дидан намудааст.

Бино ба гузориши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар ҷараёни боздид ба рафти корҳои сохтмонии беморхонаи мазкур баҳои баланд доданд.

Сафари Қоҳир Расулзода ба вилояти Хатлон

Маврид ба ёдоварист, ки Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён бо маблағгузории Ҷумҳурии Узбакистон сохта мешавад.

Мувофиқаи сохтмони ин беморхона ва як мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ба имзо  расида буд.

Сарвазир Қоҳир Расулзода сохтмони ин иншооти муҳимро шаҳодати дӯстии ду кишвари дӯсту ҳамсоя арзёбӣ  намудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки баъди ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ, инчунин, беморхонаи мазкур бо таҳҷизотҳои тибби замонавӣ низ таъмин хоҳад шуд. Ин беморхона, ки барои 200 ҷой пешбинӣ шудааст, метавонад на танҳо ба сокинони ноҳияи Қубодиён, балки ба сокинони ноҳияҳои Шаҳритуз ва  Носири Хусрав низ хидмат намояд.

Дар ҷараёни сафари кории хеш инчунин сарвазир Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Дӯстӣ ба рафти корҳои сохтмонии Маркази саломатии хусусӣ шинос шуда, барои дар сатҳи баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонии иншооти мазкур ба сохтмончиён  дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Маркази саломатии мазкур тибқи нақша бояд моҳи декабри соли ҷорӣ ба истифода дода шавад. Ин иншоот дар ҳаҷми 1,7 миллион сомонӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Мирзомуддин Холов сохта мешавад.  Пас аз ба истифода додани маркази саломатии мазкур 40 нафар мутахассисони соҳаи тиб бо ҷои кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.