Бунёди Оқохон пешниҳоди Кумитаи амниятро мақбул донист

Сӯҳроб Мирзозода, ноиби аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон, ҳафтаи равон зимни муаррифии созишнома бо Бунёди Оқохон барои бунёди пул болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокул, пешниҳодҳои мақомоти тоҷик, аз ҷумла КДАМ-ро зикр кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Мирзозода ба вакилон иттилоъ дод, ки бо пешниҳоди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо Бунёди Оқохон масъалаи сохтмони иншоот ва инфрасохтори нуқтаи назорати гузаргоҳи сарҳадӣ дар болои пули бунёдшаванда мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон аз созишномаи нав бо Бунёди Оқохон ва супориш ба Худоёрзода

Ӯ афзуд, Бунёди Оқохон иттилоъ додаст, ки сохтмони нуқтаи назорати гузаргоҳи сарҳадӣ дар мавзеи Кокул, ба мисли пулҳои дар мавзеъҳои Тем, Ишкошим, Хумроғӣ, Рузвай ва Шамсиддин Шоҳин баъди анҷоми сохтмони пулу роҳҳои пайвасташаванда ба он аз ҳисоби дафтари Барномаи Рушди СММ роҳандозӣ мешавад.

Ноиби аввали вазири нақлиёт инчунин иттилоъ дод, ки бо пешниҳоди мақомоти Тоҷикистон ба созишнома тағйирот ворид гардид, ки тибқи он Бунёди Оқохон бо ҷалби сармоя аз шарикони рушд, сохтмони 50 км роҳи автомобилгардро аз мавзеи Гулистони ноҳияи Восеъ ба самти ноҳияи Фархор маблағгузорӣ менамояд.

Тибқи иттилои Вазорати нақлиёт, дарозии пул дар мавзеи Кокул миёни ноҳияи Фархори Тоҷикистон ва Ойхонуми Афғонистон 297 метр, бари он 4,5 метр, иқтидори борбардорӣ 60 тонна, дарозии роҳи автомобилгарди ба пул баранда 18,5 км ва арзиши сохтмони онҳо ҳудуди 9,8 миллион долларро ташкил медиҳад.