Баҳси мушкилоти савдогарон дар марз: мулоқоти соҳибкорону мансабдорон

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз баргузории ҷаласаи ҳаштуми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо, таҳти раёсати Неъматулло Ҳикматуллозода хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорат, дар ҷаласа намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ иштирок карда, мушкилоти бахши хусусӣ дар терминалҳои сарҳадиро баррасӣ карданд.

Коҳиши додугирифти коло миёни Тоҷикистону Эрон: вазиру сафир хостори ислоҳи вазъ шуданд

Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ки ҳамзамон раиси Кумитаи ҳамоҳангсози содагардонии савдо мебошад, иттилоъ дод, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои Ҳукумат пайваста аз ҳалли мушкили соҳибкорон мегӯяд.

Ба иттилои вазир, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои таъмини шароити мусоид барои соҳибкорони ватанӣ, рушди савдои дохилию хориҷӣ ва дар ин замина андешидани чораҳои зарурӣ барои кам кардани монеаҳо дар савдо ва хизматрасониҳо ба мақомоти дахлдор дастурҳои мушаххас дод.

Вазорат таъкид намудааст, ки бар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷоннок намудани муколама байни бахши хусусӣ ва мақомоти давлатӣ ва аз ин тариқ ҳал намудани мушкилоти фаъолияти онҳо дар як сол 4 маротиба ҷаласаҳои Кумитаи ҳамоҳангсози содагардонии расмиёти савдо баргузор мегардад.