Володин гуфт парлумонҳои Тоҷикистону Русия аз имкониятҳои мавҷуда хуб истифода намебаранд

Дар шаҳри Душанбе масъалаи рушди ҳамкории байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баррасӣ гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин пас аз гуфтугӯ бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров  мулоқоти дуҷониба анҷом дод.

Раиси думаи давлатии Русия дар суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон чӣ гуфт?

Матни пурраи муколама дар сайти Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия нашр шудааст.

Вячеслав Володин дар посух ба суоли хабарнигори Sputnik Тоҷикистон қайд кард, ки парлумонҳои Русия ва Тоҷикистон то ҳол аз имконоти худ истифода намебаранд ва аз ин рӯ тақвият додани кори комиссияи дуҷонибаи байнипарлумониро пешниҳод кард.

"Бидуни таъхиркорӣ то авохири соли ҷорӣ бояд нахуст ҷаласаро ё дар Душанбе ва ё дар Русия баргузор кард. Вохӯриҳо бояд ҳамасола баргузор шаван", - изҳор доштааст Вячеслав Володин.

Раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия илова намуд, ки чунин комиссияҳо метавонанд як барномаи муҳимро баррасӣ кунанд, ки дар он аз ҷумла масоили чун муҳоҷират, муносибатҳои дуҷониба ва ҳамчунин сармоягузорӣ роҳи ҳали худро пайдо кунанд. Вакили парлумони Русия инчунин қайд кард, ки кумитаҳои дахлдор метавонанд дар таҳкими равобити миёни Тоҷикистону Русия кӯмак кунанд.

"Муносибатҳои мо аз шарикони стратегӣ бештаранд. Ин муносибатҳои иттифоқчиён аст", - гуфт Вячеслав Володин ба суоли хабарнигори Sputnik Тоҷикистон

Намояндаи Федератсияи Русия гуфт, ки додугирифти мол  байни Русия ва Тоҷикистон дар соли 2018 тақрибан 25 дарсад афзоиш ёфтааст ва тақрибан сеяки ММД аз ҳисоби интиқоли маблағҳои муҳоҷирон таъмин карда шудааст.

Зуҳуров дар бораи нафақаи муҳоҷирон: ин масъаларо бояд инсон барин ҳал кард

Вай илова намуд, ки барои муҳоҷирони меҳнатӣ як пойгоҳ омода кардан лозим аст, то онҳо ҳамчун мутахассисони баландихтисос ҷой бигиранд ва ҳалли мушкилоти иҷтимоиро пайдо кунанд.

Зимнан Шукурҷон Зухуров сафари Вячеслав Володинро "зуҳури равшани шарикии стратегӣ байни ду кишвар арзёбӣ кард".

Вакили парлумон инчунин аз пойгоҳи низомии 201-уми Русия мустақар дар Тоҷикистон ёдовар шуда, гуфт, ки "бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ҷойгир аст ва то охир хоҳад монд.Чун ин кафолати устувории минтақа аст."
Ҳангоми муқоиса кардани савдои Русия ва Чин, Зухуров қайд кард, ки бо назардошти имтиёзҳо барои сармоягузорӣ ва соҳибкорони хориҷӣ, ман мехоҳам бо Русия ҳамкориҳои бештари тиҷоратиро ба роҳ монем.

Зуҳуров: бояд коре кунем, ки соҳибкор барои Тоҷикистон омаданаш натарсад

Вакилони парлумон инчунин масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба Русияро баррасӣ карданд. Шукурҷон Зуҳуров аз Думаи давлатӣ дархост кард, ки ба раванди тасвиби созишнома байни ҳукуматҳои ҳарду кишвар дар бораи бо кор таъмин кардани шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар Федератсияи Русия  суръат бахшида шавад.