Боздошти мақомдор барои азхудкунии пули давлат: нафақаи 20 нафари мавҷуднабударо мегирифт

Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи Касирова Ҳанифа Ятимовна, мақомдори Ожонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, Касирова ҳангоми кор дар вазифаи сармутахассиси шӯъбаи таъминоти нафақаи Раёсати Ожонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Сино, маблағро бо истифодаи номи нафақахӯрон ва сӯиистифода аз ваколотаҳои мансабӣ аз худ кардааст.

Парвандаи шаҳвонӣ: боздошти Ҳамроев ва Убайдов барои талаби 10 ҳазор доллар пора

Ба иттилои Ожонс, Касирова давоми солҳои 2017 - 2019 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба номи 20 шаҳрванд ба маблағи умумии 105.730,84 сомонӣ талабот нишон дода, ин миқдор маблағро ба воситаи рақамҳои асноди нафақавӣ ба суратҳисоби бонкии нафақахӯрон гузаронидааст. Манбаъ афзуд, ки сипас мақомдори муттаҳам ин маблағро тавассути кортҳои пластикии бонки давлатии "Амонатбонк" тариқи нақдӣ гирифта, ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.

Боздошти корманди ВУД Тоҷикистон: 30 ҳазор доллар танҳо барои як парванда

Ожонси мубориза бо фасод, зарари расондаи Расуловаро ба давлат махсусан калон арзёбӣ карда, таъкид намудааст, ки алайҳаш бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз шудааст.

Боздошти омӯзгори Коллеҷи тиббӣ: аз довталаб 21 000 сомонӣ хостааст

Тибқи иттилоия, алайҳи Касирова бо моддаи 245 қисми 3 банди "а" ва 340 қисми 2 банди "а" Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ дар ин самт идома дорад.