ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоити ҳукумати вилояти Хатлон, рӯзи 18 октябри соли равон дар толори мақомоти вилояти Хатлон ҷаласаи навбатии ситоди вилоятии “Ҳосил-2019” таҳти роҳбарии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода баргузор шуд.
Дар ҷаласаи мазкур раиси вилояти Хатлон таъкид намудааст, ки бо вуҷуди аз уҳдаи иҷрои дурнамои ҷамъоварии пахта баромадани шаҳрҳои Бохтару Левакант ва ноҳияи Шаҳритуз, ҳамоно баъзе шаҳру ноҳияҳои пахтакор, аз ҷумла Вахш, Кӯлоб, А. Ҷомӣ, Ҷ. Балхӣ, Фархор, Ҳамадонӣ, дурнамои ҷамъоварӣ ва ба нуқтаҳои қабул супурдани ҳосили пахтаро аз сатҳи миёнаи вилоят камтар иҷро намудаанд.
Қурбон Ҳакимзода масъулонро муваззаф кардааст, ки барои аз сӯхтор эмин нигоҳ доштани ҳосили ҷамъоваришуда тадбирҳо андешанд.
“Барои тақвият бахшидан ва тезонидани суръати чиниши пахта бо истифодаи самарабахш аз рӯзҳои офтобӣ, аз ҳисоби кормандони масъул ва собиқадори дастгоҳи раиси вилоят ва ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ба ҷамоатҳо ва ноҳияҳои пахтакор сарпарастон таъин карда шуданд”, - таъкид намудааст манбаъ.
Ҳамзамон раиси вилоят барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварии пахта, ба қайди омор гирифтани ҳосили ғуншуда ва тавсеаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни аҳолӣ бо мақсади дар манзилҳои шахсӣ нигоҳ надоштани пахта ба масъулон дастуру супориш дод.