Бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистону Малайзия рӯзи 9 ноябр баргузор мегардад

Бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи миллии Малайзия рӯзи 9 ноябр, соати 17:45 бо вақти Душанбе дар Варзишгоҳи марказии Букит Ҷалили шаҳри Куала-Лумпур баргузор мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik.  Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 нақша дорад, ки бо дастаи миллии Малайзия бозии дӯстона баргузор намояд, иттилоъ додааст, Федератсияи  футболи Тоҷикистон.

Мунтахаби кишвар кай ба чемпионати Осиё роҳ меёбад? Шарҳи коршинос аз вазъи футболи тоҷик

Тибқи иттилои манбаъ, вохӯрии мазкур рӯзи 9  ноябр, соли равон дар Варзишгоҳи марказии Букит Ҷалили шаҳри Куала-Лумпур доир мешавад. Баъди анҷом додани дидори рафиқона дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба шаҳри Янгони Мянма сафар хоҳад кард.

Бояд зикр кард, ки 14 ноябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рақобатҳои даври 5-уми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 бар муқобили дастаи мунтахаби  Мянма рақобат хоҳад кард.

Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи «Mandalar Thiri Stadium», соати 15:30 бо вақти Душанбе баргузор мешавад.

Сипас мунтахаби Тоҷикистон аз шаҳри Янгони ба шаҳри Бишкек барои анҷом додани бозии навбатии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 ба муқобили дастаи мунтахаби Қирғизистон сафар мекунанд.

 Ин вохӯрӣ 19  ноябр, соати 19:00 бо вақти Душанбе дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки 15 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии даври 4-уми марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон – 2022 дар гурӯҳи “F” байни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Япония баргузор гардида, бо ҳисоби 0:3 ба фоидаи меҳмонон ба анҷом расид.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 14 ноябр дар даври навбатӣ бо дастаи мунтахаби Мянма рақобат мекунад.