Талаби ришва ва сӯиистифода аз мансаб: дастгир шудани мутахассиси бахши САҲШ 

Зимни гузаронидани чорабиниҳои  фаврӣ -тафтишотӣ мутахассис-коргузори бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дастгир  ва  маблағи 1650 сомони щамчун ришва аз ӯ ёфта шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассис-коргузори бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Х.З.-ро  барои гирифтани 1650 сомонӣ ҳамчун пора ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидаст, иттилоъ додааст агентии иттилоотии  “Ховар”. 

Собиқ роҳбари Хадамоти амният барои ришва ва суиистифода аз мансаб паси панҷара рафт

Манбаъ афзудааст, ки  20 сентябри соли 2019 шаҳрванд “А” ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо ариза муроҷиат намудааст. Номбурда дар аризааш нисбат ба таъмаҷӯии  мутахассис-коргузори бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Х.З.,  ки  аз ӯ барои иваз намудани ному насабаш 1650 сомонӣ талаб кардааст, шикоят намудаст.

Худи ҳамон рӯз нисбат ба  Х.З. бо моддаи 324 қисми 1 Кодекси  ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. 

Зимни гузаронидани чорабиниҳои  фаврӣ -тафтишотӣ номбурда баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 1650 сомонӣ дастгир  ва  далелҳои шайъӣ — маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд.  Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.