Раводид бекор мешавад: дипломатҳои тоҷик метавонанд бидуни он озими Эстония шаванд

Масъалаи лағви раводид барои дорандагони шиносномаи дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Эстония дар мулоқоти Сироҷиддин Муҳридин ва сафири ин кишвар дар ҷумҳурӣ баррасӣ шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз сафири фавқуллода ва мухтори Эстония Ҳейти Мяемесро ба ҳузур пазируфт.

Узбакистон низоми раводидро бо як кишвари дигар лағв кард

Ба иттилои котиботи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла дар чорчӯби созмонҳои байналмиллалиро мавриди баррасӣ қарор доранд.

Ҳамзамон зимни мулоқот сари масъалаи бекор кардани раводид барои дипломатҳои ҳар ду кишвар ба мувофиқа расиданд.

Дар меҳмонӣ чун дар хона: Лағви раводид ба тоҷикону узбекҳо чӣ дод?

Қайд мешавад, ки Сироҷиддин Муҳриддин ва сафири Эстония Созишнома дар бораи бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро ба имзо расониданд.