ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, кормандони милитсия дар шаҳри Хоруғ як сокини маҳаллиро боздошт намуданд, ки дар суиқасд ба ҷони ҳамкӯчаи худ муттаҳам мешавад.
Манбаъ меафзояд, ҳодисаи рӯзи 16 - октябри соли равон дар кӯчаи Н.Атобеки шаҳри Хоруғ рух додаст. Сокини 25 - солаи кӯчаи мазкур бо марди 36 - солаи ҳамкӯчаи худ муноқиша намуда, бо олоти халандаю бурранда як маротиба ба қисмати шиками ӯ зарба задаст.
Кордкашии дигари донишҷӯ дар маҳаллаи 103-и Душанбе
ВУД мегӯяд, дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаст.
Гуфта мешавад, феълан аз рӯи ин ҳодиса кормандони милитсия тафтишот мебаранд.
Ҳушдори Раёсати ВУД ба сокинони пойтахт пас аз чандин ҳодисаи кордкашии ноболиғон
Маврид ба ёдоварист, ки ахиран Раёсати умури дохилаи Тоҷикистон аз зиёд рух додани ҳолатҳои кордкашӣ дар Тоҷикистон ҳушдор дода буд ва аз ин рӯ аз тамоми сокинони ҷумҳурӣ даъват ба амал овард, ки дар раванди пешгирии бо худ гардонидани корд ва дигар воситаҳои махсус аз ҷониби ҷавнон ва ноболиғон саҳмгузор бошанд.