Миннатдории падари Сомон аз раиси вилояти Бадахшон барои барқияи шодбошӣ

Моёншо Маҳмадбеков падари акнун қаҳрамони ҷаҳон Сомон Маҳмадбеков бо ирсоли номаи ҷавобӣ ба раиси ВМКБ барои муборакбодӣ ва таҳсину офаринхонӣ нисбати фарзандаш, изҳори миннатдорӣ намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Падари Сомонпаҳлавон, Моёншо Маҳмадбеков дар номаи ҷавобӣ ба Файзов Ёдгор раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ӯро яке аз фарзандони баномуси ватан арзёбӣ намуда, барои таваҷҷӯҳаш нисбати фарзанди худ, миннатдорӣ изҳор намуд.

"Таваҷҷуҳи Шумо ба дастовардҳои ҷавонони вилоят дар ҳама бахшҳо, аз ҷумла варзиш қобили қадр аст. Ин табрикоти саривақтии Шумо ба варзишгарони мо илҳому неруи тоза медиҳад ва умедворам дар солҳои наздик Бадахшон мисле, ки то кунун беҳтаринҳоро ба миллат ҳадя кардааст, боз ҳам қаҳрамононро барои рушди миллӣ ҳадя хоҳад кард", - изҳор намудаст падари Сомон дар мактуби ирсолнамудаи худ.

Ёдовар мешавем, ки Сомон Маҳмадбеков дар Марокаш дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон сазовори медали тилло гардид. Ба хотири ин ҷаҳонпаҳлавон Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.

Чигуна Сомон Маҳмадбеков Георгий Элбакиевро шикасту қаҳрамони ҷаҳон шуд - видео

Сомон дар вазни 73 кило дар се даври муқаддамотӣ бар варзишгарони Кеп Верд (Семедо Клаудиано), Қирғизистон (Асад Масабиров), Белгия (Абдул Малик Умаев), дар чорякфинал бар намояндаи Италия (Эдуардо Мелла), дар нимниҳоӣ бар Самуэл Гасснер аз Австрия ва дар даври ниҳоӣ бар Георгий Элбакиев аз Русия дастболо шуда, унвони қаҳрамони ҷаҳонро сазовор гардид.

Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷики муқими Русия, феълан дар шаҳри Иркутск таҳти раҳбарии мураббиёнаш Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо тамрин мекунад. Ӯ ҳамеша дар мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.