Боздошти 600 террорист дар як сол

Намояндагони қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои аъзои СҲШ иттилоъ доданд, ки тайи як сол дар ҳудуди ҳамаи ин кишварҳо 600 террорист дастгир шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Шуъбаи махсуси сохторҳои қудратии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) дар давоми соли 2018 зиёда аз 600 аъзои гуруҳҳои ташкилотҳои террористию ифротиро дастгир намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ин ниҳод бо истинод бо гуфтаҳои мудири кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ.

Норов раисиҷумҳури Тоҷикистонро аз асосгузорони СҲШ хонд

Дар иттилоия омадаадст, ки 360 амали террористӣ ҳангоми дар ҳолати омодагӣ бекор гардонида шуданд ва 170 норинҷакҳои худсоз дарёфту безарар гардонида шуданд.

Ҳамчунин кишварҳои аъзои СҲШ дар натиҷаи назорат 165 ҳазор сарчашмаҳои интернетиеро, ки дорои маводҳои хислати  ифротгароӣ будаанд, масдуд кардаанд.

“Дар чаҳорчубаи сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ механизме сохта шудааст, ки муфидона фаъолият дорад ва ба таври фаврӣ аз амалҳои таҳдидовар ба кишварҳои аъзо бохабар мешавад”, - илова кардааст Ғиёсов.

Ӯ ҳамчунин илова кардааст, ки сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ омода аст бо сохторҳои касбии байналмилалӣ бо мақсади ҳамкориҳои зиддитеррористӣ барои ҳамкориҳои муфассал дар ин соҳа гуфту шунид намояд.

Ёдовар мешавем, ки ба ташкилоти ҳамкориҳои зиддитеррористии СҲШ Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон шомил мебошанд. Ҳамчунин ба ҳайси кишварҳои нозир Афғонисттон, Белорус, Эрон ва Муғлистон дониста мешаванд.