Муштзани тоҷик ҳарифони худ аз Эрону Қазоқистонро шикаст дода, қаҳрамони Осиё шуд

Абдураҳим Ёқубов дар Қаҳрамонии Осиё оид ба бокс, ки дар шаҳри Фуҷайраи АМА баргузор гардид, ба гирифтани медали тилло сазовор шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Ба иттилои Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон, варзишгари тоҷик дар вазни 54 кило ҳарифони худро шикаст дода, унвони Қаҳрамони Осиёро касб кард.

Муштзанҳои тоҷик аз мусобиқа дар Узбакистон бо медали тилло ва биринҷӣ баргаштанд

Манбаъ меафзояд, Қаҳрамонии Осиё оид ба бокс аз 10 то 17 октябри соли равон дар шаҳри Фуҷайраи Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардида буда.

Пирузии муштзани тоҷик Шаббос Негматуллоев ва Баҳодур Усмонов дар Чемпионати ҷаҳон

Дар мусобиқаи мазкур 239 варзишгар аз 26 давлати дунё иштирок ва баромад намуда буданд.

Тоҷикистонро 11 варзишгар намояндагӣ карда ба гирифтани як медали тилло ва як нуқра даст ёфтанд.
Медали тиллоро Абдураҳим Ёқубов дар вазни 54 кило ба даст овард.

Абдураҳим дар ду даври муқаддамотӣ бар варзишгарони Кувайт ва Бутан, дар нимфинал бар намояндаи Эрон ва дар финал бар варзишгари Қазоқистон ғалаба карда, унвони чемпиони Осиё миёни наврасонро мушарраф шуд.

Мижгона ва Нилуфар бар ҳарифонашон пирӯз шуда ба даври навбатӣ роҳ ёфтанд

Медали нуқраро Абубакр Муродов дар вазни 52 кило сазовор гардид. Ӯ дар се даври муқаддамотӣ бар варзишгарони Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ, Афғонистон, дар нимфинал бар намояндаи Ҳиндустон дастболо гардид, вале дар финал аз варзишгари Қазоқистон мағлуб гашт.