Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Тағйироти кадрӣ: аз ВУХ то бахши ёрдамчиҳои президент

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзо як қатор қарору фармонҳо мушовири калони ёрдамчии президентро аз вазифа сабукдӯш ва ҳамзамон чанд сафири фавқуллода ва мухторро таъин намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо судури фармон Сайидзода Зафар Шералиро бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи мушовири калони бахши ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ озод намуд.

Тағйироти кадрӣ дар Суғд: ба Хоҷазода Хуршедахон Усмон мақоми нав доданд

Минбаъд Сайидзода Зафар Шералӣ ба ҳайси Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия фаъолият мекунад.

Ҳамзамон бо амри раисҷумҳури Тоҷикистон, Зиёӣ Хуршед Махшулзода муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон таъин гардид.

Тағйироти кадрӣ: раисҷумҳур беш аз 30 корманди баландрутбаи амниятиро аз вазифа озод кард

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон бо судури як қатор фармонҳо сафирони фавқуллодаи Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷро таъин кард.

Аз ҷумла бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Покистон Насредин Исматулло ҳамзамон сафири фавқуллода дар Бангладеш низ таъин гардид.

Қодирӣ Ардашер дар баробари сафири фавқуллодаи Тоҷикистон дар Малайзия, акнун ҳамчун сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Тайланд низ таъин гардид.

Гузашта аз ин масъулияти Раҳимзода Султон Нурмуҳаммадпур низ дучанд шуда, номбурда дар баробари сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон будан, акнун сафир дар Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал ва Шри-Ланка низ таъин гардидаст.