Нишасти хабарии Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар Маскав - пахши мустақим анҷом ёфт

Размикори номдори русиягӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар хабаргузории "Россия сегодня" бо рӯзноманигорон сӯҳбати мустақим баргузор мекунад
Sputnik

Размикори UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар баландтарин зинаи шуҳрат қарор дорад. Дар бораи қаҳрамони созмони бонуфуз ҳатто ашхосе медонанд, ки умуман ба варзиш шуғл надоранд.

Ҳабиб 20 сентябри соли 1988 дар деҳаи Силди дар Доғистон (Русия) ба дунё омадааст. Милаташ авар. Падараш Абдулманап Нурмуҳаммадов — қаҳрамони Украина оид ба самбо, амакаш  — қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо мебошад. Ҳамроҳи бародари хурдиаш Абубакр Ҳабиб таҳти раҳбарии падар дар панҷсолагӣ ба тамрин оғоз кардааст.

Дигар нест: Ҳабиб Нурмуҳаммадов номи рақиби навбатиашро гуфт

Соли 2008 дар муҳорибаҳои омехтаи CSFU: Champions League миёни варзишкорони касбӣ Нурмуҳаммадов рақибашро тариқи буғӣ кардан мағлуб карда буд. Ин нахустин пирӯзии касбии ӯ буд. Пасон варзишкор дар созмонҳои PAC, ТFC, М-1 ва ProFC ба майдон баромад.

Варзишкори русиягӣ 28 бор пирӯз шуда, боре ҳам мағлуб нашудааст. Ӯ даҳ набардро тариқи усули буғӣ кардан ба фоидаи худ анҷом додааст. Даҳ рақобати дигар бо баҳои реферӣ ва ҳашт бори дигар рақибонашро нокаут кардааст.

Ҳабиб дар 23-солагӣ хонадор шуд. Дар маросими арӯсии варзишкори машҳур 1200 меҳмон ҷамъ омада буд. Рӯйи арӯс мувофиқи расму русум пӯшонида шуда буд. Акси ҳамсари Ҳабибро бо рӯйи пӯшида дида Макгрегор ӯро "сачоқ" - гуфта таҳқир кард, вале баъдтар ин шарҳашро аз шабакаҳои иҷтимоӣ пок кард.

То ҳол корбарони интернет рӯйи ҳамсари Ҳабибро надидаанд.

Соли 2015 ҷуфти хушбахт соҳиби духтарча бо номи Фотима шуданд. Соли 2017 бошад соҳиби писар - Муҳаммад. Писари Ҳабиб таҳти раҳбарии бобо ба воя мерасад ва аллакай ба тамрин машғул мешавад. Абдуманап Нурмуҳаммадов ба рӯзноманигорон гуфт, ки дар хонаводаи онҳо интизори меҳмони нав ҳастанд.

Ёдрас мешавем, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размикори шинохтаи доғистонӣ рӯзи 8 сентябр дар Абу-Дабӣ бо истифода аз усули буғикунанда рақиби амрикоияш Дастин Пуареро шикаст дод.

Дар мусоҳиба бо Шабакаи аввали Русия варзишкор гуфт, 80 дарсад бовар дорад, ки рақобати навбатӣ дар Русия баргузор мешавад.