Кореяи Ҷанубӣ ба варзишкорони тоҷик раводид надод

Сафорати Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе барои куштигирони озодкори тоҷик, ки бояд ба ин кишвар сафар мекарданд, аз додани раводид худдорӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Мақомоти сафорати Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе иллати надодани раводид ба ҳодисаи сарзадаи се сол қабл рабт додаанд, ки дар он чор варзишкори тоҷик пас аз сафар ба ин кишвар, дигар ба Тоҷикистон барнагаштанд, иттилоъ додааст хабаргузории Parstoday.

Вазорати меҳнат дар бораи оғози муҳоҷирати корӣ ба Қатару Кореяи Ҷанубӣ тавзеҳ дод

Тими Тоҷикистон дар финал аз Кореяи Шимолӣ шикаст хӯрд

Тими куштигирони озодкори тоҷик бояд барои ширкат дар мусобиқоти ҷаҳонӣ дар шаҳри Чанчжоуи Кореяи Ҷанубӣ, ки моҳи ноябр баргузор мешавад, ба ин кишвар сафар кунад.

Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ доир ба гардишгарӣ санади ҳамкорӣ имзо карданд

Бозор Носиров сармураббии тими куштигирони озодкори Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар гуфтааст, ки дар соли 2016 ба дархости Олим Зикаев, мураббии тими куштии Тоҷикистон ба манзури ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, барои 8 нафар аз варзишгарни тоҷик раводиди сафар ба Кореяи Ҷанубӣ содир шуд, ки 4 нафар аз ин афрод ба ҳамроҳи мураббияшон на танҳо дар маҳалли мусобиқот ҳозир нашуданд, балки ҳеҷ нишоне низ аз онон ба даст наёмад.