Хуҷанд макони Қаҳрамонии Осиё дар риштаи самбо интихоб шуд

Анҷумани Иттиҳодияи самбои Осиё дар шаҳри Тошканд қарор қабул кард, ки Қаҳрамонии Осиё дар риштаи самбо соли 2022 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо, дар ҷаласаи Тошканд намояндагони 22 давлати қораи Осиё иштирок карда, аз ин тасмим ҷонибдорӣ намуданд.

Шоҳзодаи Дубай барои шикори дуғдоғ ба Узбакистон рафт - акс

Мақомоти вилояти Суғд хабар доданд, ки президенти Иттиҳодияи самбои Осиё Аламҷон Муллоев зимни баромадаш ба роҳбарияти федератсияҳои миллӣ барои рушди самбо дар қора изҳори сипос намуд.

Суреш Гопӣ, мудири кулли Иттиҳодияи самбои Осиё ба иштирокчиёни анҷуман дар бораи ҷараёни баргузории мусобиқаи самбо дар 18-ум Бозиҳои Осиё дар Ҷакартаи Индонезия, Фестивали ҳунарҳои размӣ дар Чунҷуи Кореяи Ҷанубӣ ва Чемпионати Осиё дар Деҳлии Ҳиндустон гузориш дод.   

Дар анҷуман бо дастгирии аъзои он Федератсияи самбои Баҳрайн ба узвияти Иттиҳодияи самбои Осиё қабул гардида, ба федератсияҳои самбои Макао ва Ҳонг Конг мавқеи узви комилҳуқуқи ИСО дода шуд.

Муштзани тоҷик ҳарифони худ аз Эрону Қазоқистонро шикаст дода, қаҳрамони Осиё шуд

Дар қисмати охири ҷаласа маҳали баргузории Чемпионати Осиё дар риштаи самбо дар соли 2020 шаҳри Балии Индонезия, соли 2021 – Тошканди Узбакистон ва соли  2022 – Хуҷанди Тоҷикистон  интихоб шуданд.