Дар шаҳри Бохтар куштии миллӣ баргузор мегардад

Рӯзи 19-20 октябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон байни наврасони солҳои таваллуди 2002–2004 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон аз усобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба куштии миллӣ дар вилояти Хатлон эълон кард.

Донишҷӯи тоҷик дар мусобиқаи осиёӣ оид ба самбо соҳиби медали тилло гашт

Дар ин бора дар сомонаи расмии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар дода шудааст.

Бино бар иттилои манбаъ, марҳилаи шаҳриву ноҳиявии мусобиқаи мазкур 7-8 сентябр  дар тамоми қаламрави кишвар баргузор шуда,  марҳилаи минтақавӣ ва вилоятии он 28 сентябр  дар сатҳи минтақа ва вилоят дар сатҳи баланд баргузор гардид ва беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат пайдо намудаанд.

Ёдрас мешавем, ки бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Норак  марҳилаи ниҳоии Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба куштии миллӣ  баргузор гардида буд ва дар он Темур Раҳимов ғолиби он дониста шуд.

Дар  ин  мусобиқа беҳтарин паҳлавонони мамлакат  аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ  ва ноҳяи  Рашт аз рӯи 7 вазн байни ҳам рақобат намуданд.