Додситон: ҳукми Отамбоев танҳо дар сурати бад шудани вазъи сиҳатии ӯ тағйир меёбад

Дархости чандинкаратаи вакилони дифои собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев бобати озод кардани ӯ аз ҷониби додситон дастгирӣ наёфта, пайваста рад мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik.  Дархости ахири вакилони Отамбоев бобати озод кардани ӯ дар мурофиаи нахустини парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани Азиз Батукаев садо дода, вале ҳамоно рад шуд.

Ду акси Раиса Отамбоева баҳси гармеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт

Додситони қирғизистон Медербек Абдишев гуфтааст, ки ҳукми ҳабси  Отамбоев танҳо дар сурати бад шудани вазъи сиҳатияш ва агар аз ҷониби пизишкон низ тасдиқ шавад, тағйир хоҳад ёфт.

Отамбоев боз ба додгоҳ наомад: дар нақше, ки барои ман сохтанд, бозӣ намекунам

Ахиран додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 15 октябри соли равон, баррасии парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани Батукаевро оғоз кард.

Қаблан барои ҳозир нашудани Алмосбек Отамбоев ба додгоҳ баррасии ӯ ба таъхир гузошта шуд. Ин навбат низ баррасии парванда бе ҳузури Отамбоев сурат гирифт. 

Собиқ раисҷумҳури Қирғизистон чанде пеш гуфта буд, дар нақше, ки барои ман сохтаанд, дар он бозӣ намекунам.

Нуқоти муҳими ҳабси Отамбоев дар 1,5 дақиқа - навор

Маврид ба ёдоварист, ки собиқ раисҷумҳури Қирғизистон сар аз 7 августи соли равон то имрӯз дар боздоштгоҳи КДАМ он кишвар қарор дорад ва алайҳи ӯ наздики 14 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.