Тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ: Нафароне, ки даст ба шиканҷа мезананд аз озодӣ маҳрум мешаванд

Парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйирот ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон”-ро қабул кард. Тибқи тағйиру иловаҳо нафароне, ки даст ба шиканҷа мезананд аз озодӣ маҳрум хоҳанд шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik.  Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии имрӯз лоихаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон”-ро мавриди баррасӣ ва қабул кард.

Шиканҷа дар ҶТ боиси нигаронии созмонҳои байналмилалӣ аст

Дар ин бора  сомонаи расмии парлумони Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Мақомоти Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтанд, ин тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ бар асоси тавсияҳои Барномаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид ворид карда шудааст.

Зимни баромади хеш вазири адлияи Тоҷикистон Шоҳмуроди Рустам ва вакили мардумӣ Мавлуда Мирзозода иброз намуданд, ки лоихаи қонуни  мазкур бо мақсади иҷрои ухдадорихои байналмилалии Тоҷикистон дар самти хуқуқи инсон ҷихати пурзўр намудани ҷазо барои шиканҷа ва пешгирӣ намудани он тахия гардида, бо истифода аз хуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон пешниход шудааст.

Вай таъкид намудааст, ки пештар нафаре, ки даст ба шиканҷа мезад ҷарима мешуд, аммо тибқи тағйироти ҷадид ба Кодекси ҷиноятии шакли ҷарима бекор шуд ва он ба ҷазо дар шакли маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 5 сол иваз карда мешавад.

Тибқи тағйироти ҷадид, мақомдороне, ки даст ба ҷиноят мезананд, баъд аз адои ҳукми додгоҳ аз 10 то 15 сол ҳаққи фаъолият дар идораҳо ё муассисаҳоро надоранд.