Аз идея то бизнес: омӯзиши усулҳои навтарини бизнес дар Хуҷанд 

Ҷавонони Хуҷанд, дар як ҳамоиш, идеяву лоиҳаҳои тиҷоратии худро муаррифӣ карданд, ки дар рушди он нақши технологияи навтарин, муассир будааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Ин гурӯҳи ҷавонон, ки аз дастпарварони мактаби “Стартап”-шурӯъи фаъолият дар шаҳри Хуҷанд гуфта мешавад, барои роҳандозии идеяҳои худ бо усулҳои нав талош мекунанд.

Иштирокчиёни Стартап дар Хуҷанд, се моҳ қабл дар кишвари Қазоқистон миёни ҳамсолони худ таҷриба андӯхтаанд.

Бахтиёр Қодиров, соҳибкори инфиродӣ ва аз ташаббускорони Стартап дар Хуҷанд гуфт, ки мақсад аз ташкили ин мактаб, рушд додани кори тиҷорати ҷавонон аст.

“Ҷавонон аз имкониятҳои технологияи замони муосир бештар бархрдоранд. Технологияҳои нав, барои рушд додани тиҷорат хеле муҳим аст. Аз ин лиҳоз мо ба ҷавонон зиёд таваҷҷӯҳ мекунем, ки дар зеҳни худ идеяҳои нав доранд ва барои амалӣ шудани онҳо талош меварзанд”, - гуфт Қодиров.

Бахтиёр Қодиров гуфт, ки дар ин ҳамоиш ҷавонон чандин лоиҳаҳои худро муаррифӣ кардаанд, ки моҳиятан замонавӣ будаанд. Ӯ аз ҷумла аз барномаҳои Бонкҳои интернетӣ, санҷиши нархи маҳсулот дар фурӯшгоҳҳо ва таъсиси ширкатҳои мусофирбарӣ дар шабакаи интернет мисол овард, ки мешавад онҳоро дар шароити шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон ба роҳ монд.

Соҳибкори ҷавон: ҶТ барои пайвастан ба ИИУ соли оянда омода хоҳад шуд

Стпартап - шурӯъи фаъолият, барномаест, ки ҳадафаш ҷалби ҷавонон ба тиҷорат ва рушд додани ин соҳа бо усули технологияву фанновариҳои ҷадид гуфта мешавад. Стартап дар шаҳри Хуҷанд  бо дасгирии Барномаи Рушди СММ ва маблағгузории Ҳукумати Федератсияи Русия  амал мекунад.

Соҳибкори ҷавон Шерозшо Қурбоншоев дар Хоруғ "Алладин" сохт

Зимнан ин аввалин барномаи рушди СММ нест, ки аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Русия маблағгузорӣ мешавад. Чанд вақт пеш лоиҳаҳои дигар ҳам, ки ба рушди кишоварзӣ дар деҳоти Тоҷикистон равона шуда буд, аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Русия дасгирии молиявӣ мешуд.

Тавсифи Раҳмон аз "бизнес" - и гулкории шаҳрванди Тоҷикистон дар Эквадор