Пул ҳаст: Бонки миллӣ гуфт, дар набудани пули нақд худи ташкилотҳои қарзӣ айбдоранд

Бонки миллии Тоҷикистон дар як изҳороти худ таъкид намудааст, ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ба маблағи зиёда аз 7 миллиард сомонӣ бо пули нақд таъмин шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон дар як изҳороти худ таъкид намуданд, ки дар ҳашт моҳи сипаригаштаи соли равон аз хазинаҳои Хазинаи марказии Бонки миллӣ ва хазинаҳои шуъбаҳои минтақавии он, ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ба маблағи зиёда аз 7 миллиард сомонӣ бо пули нақд таъмин карда шудаанд.

Бонки миллӣ аз норасоии доллар ва фарқияти зиёди қурб дар бозори сиёҳ иқрор шуд

Бонки миллӣ таъкид намудааст, ки ташкилотҳои қарзӣ барои гирифтани пули нақд тибқи муқаррарот дархостҳои худро бояд ба Дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон як рӯз қабл аз гирифтани пули нақд пешниҳод намоянд.

Норозигиҳо аз ҷаҳиши доллар ва шарҳи Бонки Миллӣ: Соли гузашта баландтар буд

Бонки миллии Тоҷикистон бо қабули дархост ҳолати бақияи хазинаҳои муомилотии ташкилотҳои қарзӣ ва ба кадом мақсад истифода намудани пули нақди дархостшударо санҷиш мегузаронанд.

“Ҳангоми дар хазинаҳои муомилотӣ ва банкоматҳои ташкилотҳои қарзӣ мавҷуд будани маблағҳои калони пули нақд дархости онҳо ба инобат гирифта намешавад.Ҳолатҳое ҳастанд, ки ташкилотҳои қарзӣ дар суратҳисобҳояшон  маблағи зарурӣ надоранд, ки ба суратҳисоби махсус барои гирифтани пули нақд гузаронанд ва бо пули нақд таъмин карда шаванд, ки ин мушкилоти ташкилотҳои қарзӣ мебошад”, - қайд намудааст Бонки миллӣ.

Ҳамзамон масъулини Бонки миллии Тоҷикистон зикр намуданд, ки ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ мунтазам бо пули нақд таъмин мешаванд.

Раиси БМТ ба пешбинии коршиносон боварӣ надорад

“Давоми ҳашт моҳи соли равон аз хазинаҳои Хазинаи марказии Бонки миллии Тоҷикистон ва хазинаҳои шуъбаҳои минтақавии он, ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ба маблағи зиёда аз 7 миллиард сомонӣ бо пули нақд таъмин карда шудаанд”, - таъкид намудааст Бонки миллӣ.

Масъулини Бонк афзудаанд, ки пули нақд ба ташкилотҳои қарзӣ пеш аз ҳама бо мақсади пардохти музди меҳнат, нафақа, пасандозҳо, лоиҳаҳои қарздиҳӣ, алалхусус қарздиҳӣ ба соҳаи пахтакорӣ равона карда мешаванд.

Инчунин манбаъ қайд намудааст, ки дорои захираҳои кофии пули нақд мебошад ва дар самти саривақт бо пули нақд таъмин намудани соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ягон мамоният вуҷуд надорад.