Хариди 12 ҳазор чипта ба бозии тимҳои Тоҷикистону Ҷопон: нарх – 20 сомонӣ

Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки феълан барои иштирок дар бозии мунтахаби кишвар бо тими миллии Ҷопон 12 ҳазор чипта фурӯхта шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. ФФТ бо нашри як иттилоия аз мухлисон даъват кардааст, ки бо мақсади ҷилавгирӣ аз ҳаннотӣ чиптаҳоро қаблан дар хазинаҳои варзишгоҳи марказии Душанбе аз соати 8:00 то 22:00 харанд.

Рӯйхати футболбозони Испания, ки бо наврасони тоҷик рақобат мекунанд

Манбаъ таъкид намудааст, ки бозии тимҳои миллии Тоҷикистону Ҷопон 15 октябр соати 17:15 бо вақти Душанбе дар назар буда, нархи чиптаи бозӣ 20 сомониро ташкил медиҳад.

Бозии даври чаҳоруми мусобиқаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи F байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҷопон дар ҳолест, ки корбарони тоҷикистонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъракаи густурдаи чиптахариро роҳандозӣ карда, ният доранд, дастаҷамъона дар варзишгоҳ аз тими миллӣ ҷонибдорӣ кунанд.

"Full HD" дар "Телевизиони Душанбе" ва дастури Раҳмон ба барномасозон

Имрӯз дар арафаи бозӣ дар Душанбе нишасти матбуотии сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, Усмон Тошев ва ҳамтои ҷопонияш Хадзимэ Мориясу дар назар аст.

Нишаст дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон”, соати 11:30 дар назар буда, сармураббиҳои тими миллии ду кишвар назару интизориҳояшонро ба рӯзноманигорон баён хоҳанд дошт.