Отамбоев боз ба додгоҳ наомад: дар нақше, ки барои ман сохтанд, бозӣ намекунам

Собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев боз аз иштирок дар мурофиаи додгоҳӣ худдорӣ кард. Отамбоев изҳор намудаст, дар нақше, ки барои ӯ дар қазияи Батукаев сохтаанд, иҷро намекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Баррасии парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани саркардаи олами ҷиноӣ Азиз Батукаев ба далели ҳозир нашудани яке аз гумонбарон — президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба 14 октябр ба таъхир афтод.

"Отамбоев гуфт, ба додгоҳ ҳозир намешавад. Вай пештар низ гуфта буд, дар нақше, ки дар доираи ин парванда барои ӯ сохтаанд, бозӣ нахоҳад кард", — хабар дод вакили дифои президенти пешини Қирғизистон Сергей Слесарев ба хабарнигорон.

Ба мурофиа додситони кулли пешини Қирғизистон Индира Ҷолдубоева низ рафта буд, вале бо рӯзноманигорон суҳбат накард.

Нуқоти муҳими ҳабси Отамбоев дар 1,5 дақиқа - навор

Соли 2013 додгоҳи шаҳрии Норини Қирғизистон дар асоси ташхиси табибон қарори пеш аз муҳлат озод кардани Азиз Батукаевро қабул кард. Батукаев ҳамон рӯзи озодшавиаш аз Бишкек ба Русия парвоз кард. Ин ҳодиса баҳси густардаеро ба миён овард.

Дастафшонии Отамбоев аз тирезаи бинои КДАМ ба наздикон ва ҷонибдоронаш - навор ва акс

Дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани Батукаев зидди як қатор мансабдорони вақти қирғиз тафтишот оғоз шудааст. Дар миёни онҳо вазири пешини тандурустӣ Динара Сагинбаева, мушовири пешини раҳбари Хадамоти зиндонҳо Калибек Качкиналиев, муовини пешини сарвазир Шомил Атахонов, додситони кулли пешини Қирғизистон Аида Салянова ва чандин табиб низ ҳастанд.

Дар робита ба озодии Батукаев зидди президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев низ айб эълом шуд.