ВКД: “Лексус” чаппа шуд, сокини Ёвон ба ҳалокат расиду шаҳрванди Узбакистон бистарӣ гашт

Дар як садами маргборе, ки дар ҳудуди ноҳияи Варзоби Тоҷикистон рух дод, як мусофири мошини тамғаи “Лексус” сокини ноҳияи Ёвон ба ҳалокат расид ва дигаре, ки шаҳрванди 19-солаи Узбакистон будааст, дар бемористон бистарӣ шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, бар асари чаппа шудани мошини тамғаи “Лексус-470” дар ҳудуди ноҳияи Варзоб мусофири 58-сола Маҳмудов Асад Ҳасанович, сокини ноҳияи Ёвон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми интиқол ба бемористон ба ҳалокат расидааст.

Ҳалокати зану шавҳар: 2 садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Хуҷанд

Тавре ВКД Тоҷикистон таъкид намудааст, ҳодисаи нохуш рӯзи 9-уми октябри соли 2019, тахминан соати 17:25-дақиқа , дар ҳудуди ноҳияи Варзоб рух додааст.

“Ронандаи мошини “Лексус-470”, Ибрагимов Илҳомҷон Абдураҳимович, соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар канори роҳ чаппа шудааст”, - таъкид намудааст ВКД. 

Тавре ВКД қайд намудааст, дар натиҷаи садама мусофири мошини “Лексус” Маҳмудов Асад Ҳасанович, соли таваллудаш 1961, сокини ноҳияи Ёвон, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Ҳамзамон мусофири дигари автомашинаи мазкур шаҳрванди 19-солаи  Узбакистон Ҷумъаев Рафторбек, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқотро идома дорадн.