Суханронии Аълоҳазрат Оқохони IV ва Эмомалӣ Раҳмон дар маркази исмоилия - видеои таърихӣ

Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе 12 октябри соли 2009 бо ширкати Аълоҳазрат Оқохони IV ва Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуда буд
Sputnik

Дар маросими ифтитоҳи ин маркази бошукӯҳ пешвои исмоилиёни ҷаҳон Аълоҳазрат Оқохони IV ва раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карданд.

Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV ин марказро ҷои муқаддас ва муколамаи намояндагони мазоҳиби гуногун хонд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар хитоб ба Аълоҳазрат Оқохони IV гуфт: "Волоҳазрат ҳамеша талош мекунанд, ки дар миёни мӯъминону муслимин сулҳу амният ва ваҳдату дӯстӣ пойдор бошад. Ақидаҳои Мавлоно Ҳозиримом дар бораи он, ки "гуногунии башар худ инъоми Худованд мебошад" ва "гуногунии баён дар ислом бадбахтӣ набуда, худ шафқат аст", қобили пуштибонӣ ва омӯзиш мебошанд.

"Ин дидгоҳи пешвои ҷамоати мусулмонони исмоилӣ бо арзишҳои волои умумибашарӣ, яъне инсондӯстиву баробарӣ ва эҳтирому риояи мақому манзалати инсон ҳамоҳанг буда, инъикосгари орзуву омоли ҳамаи мусулмонон дар роҳи таъмини осудагии моддӣ ва камолоти маънавӣ мебошад", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Маркази исмоилияи Душанбе, ки соли 2009 сохта шуда, суннатҳои меъмории Осиёи Марказиро таҷассум мекунад ва меъмории ғайримуқаррарии он аз рӯйи тарҳи мақбараи Исмоили Сомонӣ дар Бухоро гирифта шудааст.

Суханронии Аълоҳазрат Оқохони IV ва сохту сози Маркази исмоилия дар шаҳри Хоруғ - видео

Маркази исмоилия дар Хоруғ баъди Душанбе дувумин Маркази исмоилия дар Тоҷикистон ва ҳафтумин дар ҷаҳон мебошад, ки бар асоси тарҳҳои Бунёди Оқохон сохта шудаанд.

Суханронии Аълоҳазрат Оқохони IV ва сохту сози Маркази исмоилия дар шаҳри Хоруғ - видео

Пештар чунин марказҳо дар Бритониё, Канада, Португалия, Амороти Мутаҳидаи Араб бунёд шуда буданд.

Мазҳаби исмоилия дар ҷаҳон беш аз 20 миллион пайрав дорад, ки асосан дар Ҳинду Покистон, Афғонистон, Танзания, Кения, кишварҳои Халиҷи Форс, Эрон, Лубнон, Сурия, Алҷазоир, ҳамчунин Амрико, Канада, Бритониё ва Фаронса ба сар мебаранд.

Ҷамоати исмоилии Тоҷикистон, ки умдатан дар Бадахшон зиндагӣ мекунанд, яке аз бузургтарин ҷамоатҳои ин тариқат дар ҷаҳон дониста мешавад. Дар Тоҷикистон беш аз 150 ҳазор пайрави исмоилия зиндагӣ мекунанд.