ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Бахши саноати шаҳри Хуҷанд дар 9 моҳи соли равон ба маблағи 948,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти шаҳзрдории Хуҷанд.
Ҳамзамон манбаъ таъкид намудааст, ки барои рушди соҳаи саноати шаҳр ба маблағи наздик 20 миллион сомонӣ сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб гардидааст.
Дар ҳамин ҳол, дар ин давра номгўи намуди маҳсулотҳои истеҳсолшаванда низ зиёд шуда, аз ҷониби 11 адад корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 141,4 миллион сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷи дуру наздик содирот карда шуд.
Дар ин давра 58 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 237,4 млн. сомонӣ истеҳсол гардид, ки ҳиссаи он дар маҷмўи маҳсулоти саноатии шаҳр 25 фоизро ташкил менамояд.