Раҳмон "хушбахт" аст. Мирзиёев ташаббусҳояшро дар арсаи байналмиллалӣ дастгирӣ мекунад

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳар як вохӯрии ҷонибҳо ва муҳокимаи робитаҳои дуҷониба барои таҳкими шарикии стратегӣ саҳми босазо мегузорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Имрӯз, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ишқободи Туркманистон дар ҳошияи Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Узбакистон Шавкат Мирзиёев мулоқот кардааст.

Супориши Раҳмон ва Бердимуҳаммадов ба Вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар

Тибқи гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои пешбурди шарикии стратегӣ ва дурнамои ҳамкории судманди кишварҳоро баррасӣ намудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори хушнудӣ аз имкони дидору мулоқоти навбатӣ таъкид доштанд, ки ҳар як вохӯрии ҷонибҳо ва муҳокимаи робитаҳои дуҷониба барои таҳкими шарикии стратегӣ саҳми босазо мегузорад.

"Эмомалӣ Раҳмон аз иқдомоти накуи ҷонибдории ташаббусҳои якдигар дар арсаи байналмилалӣ ва татбиқи созишномаҳои қаблан баимзорасида изҳори қаноатмандӣ карданд. Таъкид шуд, ки мо бояд ин анъанаҳоро ҳифз намоем, зеро Тоҷикистону Узбакистон дорои иқтидори бузурги фаъолсозии ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳама самтҳо мебошанд", - омадааст дар хабарнома.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак, сохтмони иншооти иҷтимоӣ дар қаламрави кишварҳо, робитаҳо дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, тавсеаи бахши тиҷоратию иқтисодӣ байни ду давлатро муҳокима кардаанд.

Густариши равобити фарҳангию гуманитарӣ ва мунтазам баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ бо ширкати арбобони фарҳангу санъати ду кишвар аз мавзуъҳои дигар ва муҳими мулоқот будааст.