Варзишгарони тоҷик барои иштирок дар мусобиқа ба Аморати Муттаҳидаи Араб мераванд

Интизор меравад аз 10 то 17 октябри соли равон дар АМА Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни наврасон баргузор шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Ба иттилои Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон, ба мусобиқаи Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс 11 варзишгари наврас сафарбар мешаванд.

Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс: муштзани тоҷик дар рақобати аввал пирӯз шуд

Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс, ки дар шаҳри Фуҷайраи Аморати Муттаҳидаи Араб аз 10 то 17 октябри соли равон баргузор мешавад, дар умум 239 варзишгар аз 26 кишвари дунё иштирок мекунанд.

Манбаъ меафзояд, аз Тоҷикистон ба мусобиқаи мазкур 11 варзишгар - 10 писар ва 1 духтар сафарбар мешаванд ва дар 11 вазн муҳориба мекунанд.

Дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс Тоҷикистонро 4 муштзан намояндагӣ мекунанд

Гуфта мешавад, варзишгарони тоҷик аслан бо ҳарифони худ аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Чину Кувайт рақобат мекунанд.