Оғози сохтмони меҳмонхонаи дар ҳудуди корхонаи “Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик”

Соҳибкори Анвар Қурбонов дар ҳудуди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик” меҳмонхонаи сеситорадор бунёд мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар маросими оғози сохтмони меҳмонхонаи замонавӣ бо марказҳои хизматрасонии маишӣ иштирок намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Соҳибкоре дар ноҳияи Зафаробод меҳмонхона бунёд кард

Бино бар иттилои манбаъ, меҳмонхона дар ҳудуди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Анвар Қурбонов бунёд карда мешавад.

Тибқи лоиҳа иншооти мазкур аз 115 ҳуҷра иборат буда, бо имкони қабули 200 нафар дар як вақт бунёд мегардад.

Меҳмонхонаи 9-ошёна бо назардошти талаботи байналмилалӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои марказҳои хизматрасонии се ситорадор бунёд хоҳад шуд.

Ҳамзамон дар асоси нақша дар оянда аз ҷониби соҳибкор боз як кӯдакистон бо 300 ҷой ва мактаби ибтидоӣ барои 540 нафар сохта мешавад.

Имрӯз, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бо гузоштани санги асос ба бунёди меҳмонхонаи бисёрошёна низ, оғоз бахшиданд.

Бино ба гузориши котиботи раисҷумҳур Меҳмонхонаи "Сафо плаза" бо тарҳу усули муосир ва бо дарназардошти санъати меъмории миллӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Ҷунайдулло Азизов бунёд мегардад. Ин тадбир дар рушду пешрафти бештари соҳаи сайёҳии мамлакат ва таъмини сокинон бо ҷойи кори доимӣ мусоидат хоҳад намуд.