Ҷудокорони тоҷик аз Қирғизистон бо 6 медал баргаштанд

Паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон ва навҷавонон, ки дар шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон баргузор шуд, шаш медал ба даст оварданд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон ва навҷавонон дар Чолпон-Ота беш аз 250 нафар варзишгар аз ҳашт кишвар — Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Туркия, Арабистони Саудӣ ва Непал ширкат карданд.

Баргузории мусобиқаи Ҷоми президент оид ба дзюдо дар Хуҷанд: ҷоиза 10 ҳазор сомонӣ

Онҳо барои 32 маҷмӯи медалҳо миёни наврасону навҷавонон мубориза бурданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 11 нафар дохил буд. Варзишгарони тоҷик дар сабқати навҷавонон 2 медали тилло, як медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ гирифтанд.

Меҳрзод Сӯфиев дар вазни то 60 кило миёни писарон ва Шоҳида Қаландарова дар вазни то 63 кило миёни духтарон бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо ҷои панҷумро ишғол карданд

Бояд зикр кард, ки дар мусобиқаи навҷавонон гӯштингирони Қирғизистон 17 медал, аз ҷумла 5 нишони тилло ба даст оварданд. Дастаи мунтахаби Қазоқистон 4 медали тилло, дастаи мунтахаби Тоҷикистон ду медали тилло ва дастаҳои мунтахаби Россия ва Узбакистон яктоӣ медали тилло гирифтанд.