ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон имрӯз Рӯзи фалак ҷашн гирифта мешавад.
Манбаъ меафзояд, дар барномаи консертӣ Ҳофизи халқии Тоҷикистон Раҳматулло Ҳошимов, ансамбли фолклории Ганҷина ва зиёда аз 20 нафар санъаткорону сарояндагон ҳунарнамоӣ мекунанд.
Даргузашти овозхони маъруфи тоҷик Ҳабибулло Беков
Боиси зикр аст, ки 4 августи соли 2007 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 октбярро Рӯзи фалак эълон карда буд.
Аз ҳамон сол инҷониб ҳамасола дар кишвар дар ин рӯз барномаҳои консертӣ ва чорабиниҳои гуногун баргузор шуда, фалаксароён аз ҳама гӯшаву канори кишвар ба пойтахт даъват мешаванд.
Президенти Академияи илмҳо: мо барои пажӯҳиш имконияти молиявӣ дорем
Фалак як жанри мардумии таронасароист, ки бештар дар ҷануби Тоҷикистон роиҷ аст ва ҳунармандони маъруфе, чун Одина Ҳошим, Давлатманди Хол, Карими Шиш ва Гулчеҳра Содиқова парвардаи ҳамин сабканд.