Паланг дар Бартанг 12 сар гӯсфандро хӯрду ба дом афтод - видео ва аксҳо

Дар деҳаи Разуҷи водии Бартанг бабри барфӣ ё озодапаланг 10-12 сар моли майдаи сокинони маҳаллиро хӯрда, ба дом афтод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Бино ба нақли сокинони маҳаллӣ, ҳодиса рӯзи душанбе, 7 октябр рух додааст. Паланг ба подаи гӯсфандон даромада 10-12 сарро дар ҷояш хӯрда, пас ба оғилхона даромада ва ахиран аз ҷониби сокинони маҳаллӣ дохили қафас дароварда шудааст.

Паланг дар Бартанг 12 сар гӯсфандро хӯрду ба дом афтод - видео ва аксҳо

"Паланг аз паси пода ба дохили оғилхона даромад. Мардум аз молу ҷони худ дар ҳарос буд. Ва ахиран симтур оварда палангро дохили он карданд", - нақл кард шоҳиди ҳол.

Ба дасти Sputnik Тоҷикистон наворе расид, ки дар он бабри барфӣ ё озодапаланг дар "дом" афтодааст ва чанд сокини маҳаллӣ кӯшиш доранд бе зарар онро дохили мошин кунанд.

Ҳарчанд дар натиҷаи ин ҳамла, сокинони маҳаллӣ хисороти зиёди молӣ дидаанд, аммо боз ҳам озодапалангро авф намуда, ба "макони зисташ" гусел карданд.

"Палангро бо ҳамон қафас боз ба дара бурда озод карданд", - гуфт мусоҳиб.

Паланг дар Бартанг 12 сар гӯсфандро хӯрду ба дом афтод - видео ва аксҳо

Бино ба гуфти манбаъ, аз ин рухдод ҳукумати маҳаллӣ огоҳӣ ёфта, ваъда додааст, ки ҷуброни зарари гӯсфандонро пардохт мекунад. 

Паланг дар Бартанг 12 сар гӯсфандро хӯрду ба дом афтод - видео ва аксҳо

Чунин ҳодисаҳо  дар деҳаи Равмеди Ҷамоати деҳоти Бартанги ноҳияи Рӯшон, Ванқалъа ва Ҷелондеҳи ноҳияи Шуғнон ва дигар маконҳо ба амал омадаанд. Дар паи танҳо як ҳуҷум ба оғилхона дар деҳаи Ванқалъа қариб 40 сар моли майда талаф ёфт. Сокинони деҳа озодапалангро дастгир намуда, онро  ба қафас андохта, ба кӯҳдоман сар доданд. Панҷ сол пеш низ воқеъаи монанд дар деҳаи Шудҷанди водии Бартанг рух дод. Он замон паланг ба оғилхонаи як сокини деҳа даромада, даҳ сар моли майдаи як хонаводаро сар гирифт.

Интиқоли бабри барфӣ аз Тоҷикистон ба Русия

Озодапанг аз ҳайвоноти нодири Тоҷикистон ба шумор меравад ва ба китоби сурхи Тоҷикистон дохил карда шудааст.

Дар Тоҷикистон ҳудуди зисти ин ҷонвар 86 ҳазор метри мукаабро ташкил дода, 70 дарсади макони зисти он дар шарқи Бадахшон ҷойгир аст. Ин ҳайвони нодир то баландиҳои 5 ҳазору 500 метр аз сатҳи баҳр ва ҳатто аз он ҳам баландтар сукунат дорад. Ин ҷонвар ба сардии ҳаво тобовар аст, аз ин рӯ онро бабри барфӣ ном  мебаранд. Аммо баъзан ба иллати сербарфӣ дар ҷустуҷӯи ғизо ба маҳаллаҳои аҳолинишин низ мефарояд.

Зебогии андом, пӯсти мулоим ва ранги ҷолибаш ӯро тӯъмаи шикорчиён мегардонад.

Мутобиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои шикори ғайриқонунии озодапаланг 9 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар гардидаст.