Мулоқоти президентҳо: Бердимуҳаммадов наомад, Раҳмон меравад?

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умурии хориҷии Тоҷикистон ва ҳамтои туркманаш Рашид Мередов изҳор доштанд, ки мулоқоти сатҳи баланд такони бузург барои густариши ҳамкориҳо мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Тибқи иттилои ВУХ Туркманистон, Сироҷиддин Муҳриддин ва Мередов изҳори боварӣ кардаанд, ки ҳамоиши сарони кишварҳои узви ИДМ дар Ишқобод ҳамкориҳои тарафайн муфидро рушд медиҳад.

Раҳмон, Оқохони IV ва Нурмуҳаммадов - дар феҳристи бонуфузтарин мусалмонони ҷаҳон

Ҳамоиши сарони кишварҳои узви ИДМ дар Ишқобод 11 октябр таҳти раёсати Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури Туркманистон дар назар аст ва интизор меравад, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар он иштирок кунад. Расман сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон то ҳол тасдиқ нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов моҳи сентябри соли гузашта дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки таҳти раёсати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, иштирок накард ва Пурлӣ Оқомуродов, ноиби сарвазири Туркманистонро фиристода буд.

Раҳмон, Оқохони IV ва Нурмуҳаммадов - дар феҳристи бонуфузтарин мусалмонони ҷаҳон

Дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ, ки моҳи майи имсол дар Туркманистон баргузор шуд, ҷониби Тоҷикистонро Давлаталӣ Саид, ноиби аввали сарвазири кишвар намояндагӣ карда буд.

Бердимуҳаммедов роҳбари ВУД-ро аз вазифа сабукдӯш ва мукофотҳои давлатияшро бозпас гирифт

Феълан Сироҷиддин Муҳриддин дар Ишқобод бо ҳамтоёнаш аз  Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон ва муовини вазири умури хориҷии Молдова санадҳоеро баррасӣ доранд, ки 11 октябр барои имзо ба сарони кишварҳои ИДМ пешниҳод хоҳанд шуд.

Вазирони умури хориҷӣ дар маҷмуъ 10 санадро баррасӣ намуда, аз ҷумла муроҷиатномаи сарони кишварҳои узви ИДМ-ро ба муносибати 75-солагии Иди Ғалаба қабул мекунанд, ки соли оянда таҷлил мешавад.

Ҳамоиши сарони кишварҳои узви ИДМ дар Ишқобод ва баҳси ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сиёсӣ дар ҳолест, ки Туркманистон барои убури мошинҳои борбари самти Тоҷикистон тариқи қаламраваш иҷозат надода истодааст.

Имзои 16 санади ҳамкорӣ дар сафари Бердимуҳаммадов ба Узбакистон

Қаблан вазири умури хориҷӣ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, Тоҷикистон бо Туркманистон дар ҳамаи бахшҳо, аз сиёсат то масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ҳамкории хуб дорад ва сабаби дармондани мошинҳо барояш маълум нест.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов Эмомалӣ Раҳмонро муборакбод гуфт

“Чунин мушкилот набояд миёни кишварҳои дӯсту бародар мавҷуд бошад”, - изҳор дошт Сироҷиддин Муҳриддин.

Ӯ зикр кард, ки соли 2017 миёни Тоҷикистону Туркманистон аҳднома дар бораи шарикии стратегӣ имзо шуд, ки бар асоси он ҷонибҳо уҳдадоранд барои якдигар мушкилоте эҷод накунанд.

“Уҳдадорем ягон мушкилотро барои якдигар насозем. Мо дар чаҳорчӯбаи дигар созишномаҳо низ бояд ба ҳамдигар кӯмак кунем дар мушкил эҷод мекунем”, - афзуд вазир.

Қаблан Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ронандаҳо машварат дода буд, ки аз ду роҳи алтернативӣ ба воситаи - Ҳироти Афғонистон ва Озарбойҷон истифода баранд.