ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Ба иттилои Ҳукумати Маскав, соли равон 26 ҷуфт дар пойтахт номи фарзандашонро Ҳабиб мондаанд, ки аз ҷумлаи номҳои ғайриодӣ маҳсуб меёбад.
Бар асоси омори мақомоти Маскав, волидон инчунин ба номҳое чун Добриня ва Есения таваҷҷуҳ кардаанд. Аз ҷумла 315 навзод дар Маскав номи Есения гирифтаанд.
Дар рӯйхати номҳое, ки хеле кам ба навзодон дода шуданд, Лукария – 2 нафар, Евфросиня – 2 духтарча ва Феофания – 1 духтарча зикр шудаанд. Инчунин як писарро Сезар ва дигарро Огнеслав номгузорӣ кардаанд.
Афзоиши майл ба номи Ҳабиб дар Маскав дар ҳолест, ки размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба феҳрасти шинохтатарин нафарон дар ИДМ ва берун аз он шомил шудааст. Дар Тоҷикистон низ Ҳабиб аз шуҳрати зиёде бархӯрдор буда, ҳазорҳо нафар ҳунарнамоияшро пайгирӣ мекунанд.
Назан, дар замин хобону шикан: Нурмуҳаммадов гуфт, модараш ба ӯ чӣ маслиҳат медиҳад
Ахиран феҳристи навбатии The Muslim 500-2019 аз ҷониби Маркази таҳқиқоти стратегии исломии давлати Уммон нашр шуд, ки Ҳабиб Нурмуҳаммадов низ ба феҳрасти бонуфӯзтарин мусалмонҳои сол шомил гардид.