ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Агентии омори назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зиёд шудани шумораи ҷинояткорӣ дар кишвар иттилоъ додааст.
Шумораи ҷиноятҳои қайдшуда дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ ба 16 ҳазор расидааст, ки 2,1 дар сад нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Аз шумораи умумии ҷиноятҳо 3,5 ҳазори онҳо ба гуруҳи ҷиноятҳои “вазнин” шомил мебошанд, ки ин 2% камтар мебошад нисбати ҳамин давраи соли гузашта.
Дар раддабандии ҷинояткорӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон вилояти Суғд ғолиб будааст. Дар ин минтақа сатҳи ҷинояткорӣ то ба 10,5 дарсад боло рафтааст. Дар ҷойи дуюм ноҳияҳои тобеи марказ бо зиёдшавии 7,8% қарор гирифтаанд.
Бояд қайд намуд, ки сатҳи ҷинояткорӣ дар вилояти Хатлон кам шудааст ва ин дар муқоиса ба соли 2018 ба миқдори 9,5 дар сад камтар шудааст.
Зиёдшавии қонуншикани аз ҳисоби дӯздӣ (3,3%), қаллобӣ (1,7%) ва авбошӣ (4,7%) зиёд шудааст.
Қариб ба чаҳоряк маротиба нисбати соли 2018 сатҳи ҷиноятҳои зер поин рафтаанд: таҷовуз ба номус, дӯздӣ, роҳзанӣ ва ҷиноятҳои алоқаманд бо маводҳлои мухаддир.
Инчунин бояд зикр намуд, ки ифшои ҷиноятҳо нисбати соли гузашта 2 дар сад зиёд шудааст.