Корд ба қалби Дилмурод: тафсилоти куштори донишҷӯй дар роҳ ба донишгоҳ - акс

Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе аз ҷанҷоли ду донишҷӯй хабар дод, ки гуфта мешавад аз замони таҳсил дар мактаб бо ҳам хусумат доштаанд. Ин ҷанҷол бо марги Фозилов Дилмурод, донишҷӯи бахши 1-уми Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон анҷомид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Раёсати умури дохилии Душанбе, субҳи 8 октябри соли ҷорӣ тахминан соатҳои 07:30 дақиқа дар буриши кӯчаҳои Борбад ва Чортути ноҳияи Сино дар роҳ ба донишгоҳ байни 2 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон муноқиша сар задааст.

Кордкашии ду ҷавон дар Душанбе ба марг анҷомид

Манбаъ тавзеҳ дод, ки муноқишаю занозанӣ миёни Қурбонов Убайдулло, мутаваллиди соли 2001, сокини ноҳияи Сино, донишҷӯи бахши 1-уми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Фозилов Дилмурод, зодаи соли 2002, истиқоматкунандаи кӯчаи Ҳаёти Нави ноҳияи Сино рух додааст.

“Дар ин ҳолат, донишҷӯ Қурбонов Убайдулло Бежанович аз ҳиссиёти авбошӣ бо корди бо худ доштааш як бор ба узви ҳаётан муҳим, яъне қисмати дили донишҷӯ Фозилов Дилмурод Сироҷович мезанад, ки дар натиҷа бо бардоштани ҷароҳати вазнин охирон ба ҳалокат расида, гумонбар аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад”, - омадааст дар иттилоияи РВУД.

Корд ба қалби Дилмурод: тафсилоти куштори донишҷӯй дар роҳ ба донишгоҳ - акс

Манбаъ таъкид кард, ки маъмурини милиса муттаҳам Қурбонов Убайдуллоро худи ҳамон рӯз аз ҳудуди ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон дастгир намуданд.

Сатторзода: то охир пофишорӣ мекунем, то қотили Ҳувайдо ҷазои шадид гирад

Ба иттилои РВУД нисбати Қурбонов бо моддаҳои 237 - авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард ва  модааи 104-и Кодекси ҷиноӣ - одамкушӣ парванда оғоз карда шуда, муттаҳам дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

“Далелҳои аввалини тафтишотӣ муайян намуд, ки ҳарду донишҷӯй хатмкардаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №60-и ноҳияи Сино дар соли ҷорӣ буда, хусумати даврони мактабӣ ва бетарафии дӯстону наздиконашон оқибат ба ҷинояти вазнини одамкушӣ оварда расонид”, - омадааст дар иттилоия.